Ҳузури Эрон, Русия ва Туркия дар кумитаи Қонуни асосии Сурия
Намояндаи вижаи дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар умури Сурия гуфт: Эрон, Русия ва Туркия дар кумитаи таъини Қонуни асосии Сурия намоянда хоҳанд дошт.
Стаффан де Мистура пас аз поёни Конгресси гуфтугӯи миллии Сурия дар Сочии Русия гуфт: Кумитаи Қонуни асосии Сурия, фароянди Женеваро тасвиб кардааст ва бояд ҳамаи талошҳо аз тариқи ҳамин фроянд ва дар Женева пайгирӣ шавад .
Вай афзуд: Нуфузу қудрати Эрон, Русия ва Туркия барои ҷалби мушорикати тарафҳои сурӣ муҳим аст .
Де Мистура хотирнишон кард, ҳадаф ислоҳ ё навиштани Қонуни асосӣ дар Сурия асту баъд метавон дар бораи интихобот дар ин кишвар суҳбат кард .
Нишасти байналмилалии Сочи сешанбе шаб бо қироати баёнияе ба кори худ поён дод .
Дар ин баёния бар ҳифзи тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии Сурия таъкид шуд.