Ҳамлаи ҷангандаҳои Саудӣ ба пойтахти Яман
(last modified Sun, 04 Feb 2018 14:35:45 GMT )
Феврал 04, 2018 19:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҷангандаҳои Саудӣ ба пойтахти Яман

Ҷангандаҳои Саудӣ имрӯз сохтмонеро дар Санъо, пойтахти Яман бомбборон карданд, ки бар асари он ду нафар кушта ва 20 нафар захмӣ шуданд.

Як манбаи амниятии Яман эълом кард, дар ин ҳамла сохтмони таҳқиқоти ҷиноии Санъо тахриб шуд .

Манобеи яманӣ аз эҳтимоли афзоиши шумори қурбониёни ин ҳамла хабар доданд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико аз марти 2015 ба баҳонаи бозгардондани Абдурабеҳ Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат, иқдом ба ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.