Феврал 12, 2018 17:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми ҷолиби қозии масеҳии лубнонӣ барои се ҷавони мусулмон

Як қозии масеҳӣ дар Лубнон бо ҳадафи огоҳ кардани се ҷавони мусулмон, ки ба ҳазрати Марям (с) тавҳин карда буданд, ҳукми таҳсинбарангезе содир кард.

Ба нақл аз шабакаи Евро Ниюз, Ҷослин Меттӣ, қозии масеҳӣ дар шаҳри Таробулус дар шимоли Лубнон, барои се ҷавони мусулмон, ки ба ҳазрати Марям (с) иҳонат карда буданд, ба ҷои ҳабс, ба ҳифзи сураи оли Умрони Қуръони карим ҳукм дод .

Дар сураи оли Умрон ба мақоми ҳазрати Марям (с) ва вилодати Исо масеҳ (а) ишора шудааст .

Ин қозии лубнонӣ эълом кардааст, ба ин далел чунин ҳукме содир карда, то ин ҷавонони хатокор мутаваҷҷеҳ шаванд, бар хилофи тафаккуроти ботили ифротгароён, мусулмонон ба ҳазрати Марям (с) муҳаббат доранду адёни илоҳӣ дорои иштирокҳои бисёр ҳастанд .

Ҳукми ин қозӣ мавриди истиқболи сиёсатмадорону шаҳрвандони лубнонӣ воқеъ шудааст .

Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон дар паёме дар Твиттер дар бораи ин ҳукм навишт: Ҳукми Ҷослин Меттӣ, қозии бозпурс дар шимоли Лубнон ва водор сохтани ин ҷавонон ба ҳифзи сураи оли Умрони Қуръони карим, авҷи адолату роҳе барои омухтани мафҳумҳои муштараки миёни мусулмонону масеҳиён аст .