Даҳҳо кушта ва захмӣ дар ҳамлаи хумпораии террористҳо ба Димишқ
Дар ҳамалоти хумпораии гурӯҳҳои террористӣ аз Ғутаи шарқӣ ба манотиқе дар Димишқ, пойтахти Сурия 11 тан кушта ва 49 нафари дигар захмӣ шуданд.
Манотиқи Алқасоъ, Аззаблатони, Боби Тумо, Боб-ус-Салом, Умавийин ва Ҷарамоно дар Димишқ ҳадафи ҳамалоти хумпораии гурӯҳҳои террористӣ қарор гирифт.
Як манбаи огоҳ бомдоди чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИРНА дар Димишқ афзуд, гурӯҳҳои террористии мавҷуд дар Ғутаи шарқӣ аз рӯзи сешанбе бори дигар бо нақзи тавофуқи манотиқи коҳиши таниш, манозили маскунии шаҳри Димишқро бо шиллики 75 хумпора ва мушак ҳадаф қарор доданд, ки дар ин ҳамалоти хумпораӣ хисоратҳое низ ба амволу амлоки шаҳрвандони сурӣ ва зерсохтҳои умумӣ ворид шуд.
Террористҳо ҳамвора ба манотиқи мухталифи пойтахти Сурия ҳамлаи хумпораӣ анҷом медиҳанд ва ин иқдом нақзи тавофуқи ҷомеи оташбаси эъломшуда дар Сурия аст.
Сурия ҳафт сол аст, ки бо ҳузури гурӯҳҳои террористӣ, ки аз сӯйи Ғарб ва бархе кишварҳои минтақа, ба вижа Арабистон ҳимоят мешаванд, бо буҳрон рӯбарӯ аст. Бо пешравии артиш ва нерӯҳои муқовимат, Сурия пас аз солҳо пойдорӣ дар остонаи пирӯзии комил дар баробари терроризм қарор дорад.