Посухи Бағдод ба таҳдиди Вашингтон дар бораи хариди сомонаи C - 400
Cухангӯи давлати Ироқ аз ҳаққи кишвараш дар хариди аслиҳа аз ҳар кишваре дифоъ кард.
Саъд Ҳадиси, сухангӯи дафтари нахуствазирии Ироқ дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Ал-Қудс-ул-арабӣ” гуфт, қарордоди харид ва воридоти сомонаи мушакии С - 400 фақат дар расонаҳо омада ва ҳанӯз қарордоде байни Бағдод ва Маскав барои хариди ин сомона имзо нашудааст, аммо ин мавзӯи сиёсӣ нест, балки ҷузъи умури низомӣ ва фаннӣ аст.
Сухангӯи дафтари Ҳайдар ал-Ибодӣ афзуд, Вазорати дифои Ироқ танҳо тарафе аст, ки моҳият, шакл ва манбаи силоҳҳоеро, ки вориди Ироқ мешавад, таъйин мекунад ва бо ҳар тарафе дар ҷаҳон метавонад барои хариди аслиҳа вориди муомила шавад.
Вашингтон ахиран ба баҳонаи ин ки басиҷи мардумии Ироқ чанд танки пешрафтаи амрикоиро, ки ба Бағдод фурӯхта шуда буд, дар ихтиёр дорад, бозгашти онҳоро ба артиши Ироқ хостор шуд.
Дар пайи интишори ахборе дар бораи қасди Ироқ барои хариди сомонаи мушакии С - 400 аз Русия, Вашингтон ба давлати Ироқ ва дигар давлатҳо дар бораи паёмадҳои ин иқдом ҳушдор дод ва эълом кард, бо чунин кишварҳое бар асоси Қонуни муқобила бо душманони Амрико аз тариқи таҳрим бархурд хоҳад шуд.