Амрико ба думболи эҷоди гурӯҳҳои террористии ҷадид дар Ироқ
(last modified Sun, 04 Mar 2018 08:31:02 GMT )
Март 04, 2018 13:31 Asia/Dushanbe
  • Амрико ба думболи эҷоди гурӯҳҳои террористии ҷадид дар Ироқ

Гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ аз тасмими амрикоиҳо барои эҷоди гурӯҳҳои террористии ҷадид бо ҳадафи тавҷеҳи ҳузури низомии Вашингтон дар Ироқ, хабар дод.

Ба гузориши “Ал Нашра”, гурдонҳои Ҳизбуллоҳи  Ироқ бо судури баёнияе эълом кард, давлати Амрико бар идомаи ҳузури неруҳояш дар Ироқ, исрор дорад.

Дар ин баёния зимни тамҷид аз мусаввабаи парлумони ин кишвар бино бар зарурати ҷадвали хурӯҷи низомиёни Амрико, омадааст, давлати Ироқ бояд ба иродаи миллат таваҷҷуҳ кунад ва мавзӯи хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Ироқро мавриди таваҷҷуҳ, қарор диҳад.

Парлумони Ироқ ду рӯзи пеш ба таври расмӣ аз давлати ин кишвар хост, то ҷадвали замонии хурӯҷи нируҳои хориҷӣ, аз ҷумла низомиёни амрикоиро аз хоки Ироқ, таҳия ва иблоғ кунад.

Бо шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ, идома ҳузури неруҳои хориҷӣ, аз ҷумла низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ба баҳси аслии мардум ва гурӯҳҳои сиёсии Ироқ табдил шудааст.