Март 14, 2018 12:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба тими амниятии нахуствазири Ироқ

Расонаҳои ироқӣ аз ҳамлаи мусаллаҳона ба тими амниятии вижаи нахуствазири Ироқ дар шаҳри Сомарро (шимоли Бағдод) хабар доданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии ироқии “ал -Итиҷоҳ” (aletejahtv), афроди мусаллаҳ асри сешанбе тими иттилоот ва амниятии Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқро дар ғарби шаҳри Сомарро ҳадаф қарор доданд.

Бар асоси ин гузориш, дар пайи ин амалиёти мусаллаҳона сарҳанг Шариф Исмоил, фармондеҳи қисми низомӣ (тип)-и 57-и Ироқ бар асари тирандозӣ дар исти бозрасии “ал-Ҳувайш”, дар ғарби шаҳри Сомарро кушта ва теъдоде низ захмӣ шуданд.

Манобеи ироқӣ гузориш доданд, муқаррароти манъи рафтуомад дар Сомарро то иттилои баъдӣ ба иҷро даромадааст.