Март 25, 2018 19:03 Asia/Dushanbe
  • Оморҳои такондиҳанда аз се соли ҷинояти Арабистон дар Яман

Вазорати ҳуқуқи башари Яман дар гузорише ба муносибати оғози чаҳорумин соли таҷовузи низомии режими Саудӣ ва ҳампаймононаш ба Яман эълом кард, дар ин таҷовузи сесола 38 ҳазору панҷсад ғайринизомӣ кушта ва ё захмӣ шудаанд.

Ба гузориши телевизиони “Ал-Масира”, Вазорати ҳуқуқи башари Яман имрӯз (якшанбе) дар ин гузориш эълом кард, аз теъдоди кушташудагон ду ҳазору 940 нафарро кӯдакон ва ду ҳазору 60 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Ҳудуди сесад ҳазор ғайринизомии яманӣ низ ба иллати осори ғайримустақими таҷовузи низомӣ ба Яман ҷони худро аз даст додаанд.

Вазорати ҳуқуқи башари Яман изҳор дошт, 247 ҳазор кӯдак ба сабаби норасоии ғизо ва 17 ҳазору 608 кӯдак низ ба иллати мумкин набудани сафар ба хориҷ барои дармон, ҷони худро аз даст додаанд.

Таҷовузкорон ба Яман 600 масҷид ва 291 таъсисоти гардишгариро вайрон кардаанд ва 393 макони бостонӣ ва таърихӣ дар Яман осеб дидааст.

Вазорати ҳуқуқи башари Яман афзуд, мутаҷовизони саудӣ 400 таъсисот ва шабакаи иртибототи давлатӣ ва хусусӣ ва низ 420 таъсисот ва нерӯгоҳи барқ ва ҳамчунин 450 нуқтаи сӯхт, нафткаш ва газро дар муддати се соли гузашта вайрон кардаанд.

Ҳамчунин дувуним миллион донишомӯз ва донишҷӯ дар Яман ба сабаби таҷовузи Саудӣ ва ҳампаймононаш ба ин кишвар, ба мактаб ва донишгоҳ намераванд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти соли 2015 ба Яман ҳамла ва ҳамзамон ин кишварро муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ кардааст.

 

Барчасп