Август 29, 2016 17:48 Asia/Dushanbe
  • Нақзи комили оташбас дар Яман

Дар ҳоле ки ҷангандаҳои Саудӣ ба бомбаборон кардани манотиқи мухталиф ва таъсисоти зербиноӣ (инфросохтор)-и Яман идома медиҳанд, нерӯҳои артиш ва нерӯҳои вобаста ба Ҷунбиши "Ансор-ул-лоҳ" низ хисоратҳои зиёде ба саудиҳо ворид кардаанд.

Ҷангандаҳои таҷовузгари Саудӣ рӯзи якшанбе манотиқи мухталиферо дар вилояти Саъда бомбаборон карданд, ки дар баробари ин ҳама талафот 11 нафар кушта шудааст. Ҷангандаҳои Арабистон рӯзи шанбе низ минтақаи Алоф, воқеъ дар шаҳри Суҳори вилояти Саъда, ҳамчунин манотиқи мухталифи вилоятҳои Ҳаҷҷаю Умрон дар шимолу ғарби Яманро низ бомбаборон карданд. Вилояти Саъда ва манотиқи шарқи Санъо, пойтахти Яман низ борҳо ҳадафи ҳамалоти сангини ҳавопаймоҳои ҷангии Саудӣ қарор гирифта буд.

Ҷангандаҳои Саудӣ рӯзи шанбе ҳамчунин манотиқи маскунии минтақаи Мафрақи Шаръиби вилояти Таъиз, ҷанубу ғарби Яманро бомбаборон карданд, ки бар асари он даст‎икам 10 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 11 нафар захмӣ шуданд. Ҷангандаҳои Саудӣ ҳамчунин минтақаҳоеро дар ноҳияи Сирвоҳи вилояти Маъриб бомбаборон карданд.

Бомбамфканҳои Арабистон дар соатҳои аввали рӯзи шанбе дар идомаи ҳамла ба марказҳои ғайринизомӣ ва таъсисоти зербиноӣ истигоҳҳои барқу газро дар вилоятҳои Саъда, Ҳаҷҷа ва Умрони Яман бомбаборон карданд, ки ин истгоҳҳо ба таври комил мунҳадим шуданд. Ҷангандаҳои Саудӣ рӯзи шанбе ҳамчунин 21 бор ба як пойгоҳи баҳрии артиши Яман дар ал-Ҳадида ҳамла карданд.

Пойгоҳи хабарии «Адан ал-ғад» гузориш дод, ки Арабистони Саудӣ 270 нерӯи низомии ямании вафодор ба эътилофи арабӣ-Саудиро рӯзи якшанбе аз ҷануби Яман ба манотиқи марзии Арабистон бурда, то аз ин манотиқ дифоъ кунанд. Бинобар ин гузориш, дастикам 5 ҳазор шибҳнизомии ямании вобаста ба Арабистон ба горди марзии ин кишвар мепайванданд.

Артишу нерӯҳои мардумии Яман низ дар вокуниш ба ҳамалоти Арабистони Саудӣ хисоратҳоеро ба саудиҳо ворид карданд. Дар идомаи хисороти артишу Ҷунбиши "Ансоруллоҳ" ба Арабистони Саудӣ шабакаи телевизионии "ал-Масира" гузориш дод, бар асари шиллики мӯшакҳои артишу нерӯҳои муқовимати мардумии Яман ба анборҳои сӯхти ширкати "Арамко"-и Арабистон дар Наҷрон ин минтақаро дуд фаро гирифтааст.  Хабари дигар низ ин аст, ки нерӯҳои артишу кумитаҳои мардумии Яман бо ҳамла ба мавозеи нерӯҳои Саудӣ дар баландиҳои минтақаи ал-Шибонӣ, дар марзи вилояти Асир, дар ҷануби Арабистони Саудӣ тавонистанд шуморе аз низомёни Саудиро ба ҳалокат бирасонанд ва таҷҳизоти низомии ононро тахриб кунанд.

Ҳусейн Ҳавсӣ яке аз фармондеҳони кумитаҳои инқилобии Яман низ аз муҳосираи комили вилояти Таъиз, ҷануби Санъо тавассути нерӯҳои Яман хабар дода гуфт, шибҳинизомёни террорист ду рӯз барои таҳвили худ ва силоҳҳояшон дар вилояти Таъиз фурсат доранд. Ҳусейн Ҳавсӣ таъкид кард, нерӯҳои Яман зимни муҳосираи комили вилояти Таъиз мавозеи низомии онро таҳти нуфузи комили худ доранд ва ба ҳамин далел ҳавопаймоҳои Саудӣ дар садади шикастани ҳалқаи муҳосираи террористҳо ҳастанд.

Афзоиши ҷиноёти саудиҳо алайҳи Яман ва вокуниши артиши Яман ва нерӯҳои мардумии "Ансоруллоҳ" ба ин ҷиноёт ба маънои нақзи комили оташбас дар Яман аст.