Роҳпаймоии бузурги «бозгашт» ранги хун гирифт
Март 30, 2018 16:46 Asia/Dushanbe
Дар юриши саҳюнистҳо ба ширкаткунандагон дар роҳпаймоии бузурги «бозгашт» дар навори Ғазза дастикам ҳафт фаластинӣ шаҳид ва 550 нафар захмӣ шуданд.
Вазорати беҳдошти Фаластин ҳоли даҳҳо нафар аз захмиҳоро вахим эълом кардааст.
Фаластиниҳои сокини навори Ғазза ҷумъа дар рӯзи замин роҳпаймоии мусоламатомези ҳаққи бозгаштро баргузор ва дар марзи навори Ғазза бо Фаластини ишғолӣ таҷаммуъ карданд.
Ширкаткунандагон бо ҳамли парчамҳои Фаластин, бар ҳаққи бозгашти оворагони Фаластин ба сарзамини худ таъкид карданд.
Ширкаткунандагон аксҳои Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистиро оташ заданд.
Барчасп