Роҳпаймоии бузурги «бозгашт» ранги хун гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i32000-Роҳпаймоии_бузурги_бозгашт_ранги_хун_гирифт
Дар юриши саҳюнистҳо ба ширкаткунандагон дар роҳпаймоии бузурги «бозгашт» дар навори Ғазза дастикам ҳафт фаластинӣ шаҳид ва 550 нафар захмӣ шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 30, 2018 16:46 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии бузурги «бозгашт» ранги хун гирифт

Дар юриши саҳюнистҳо ба ширкаткунандагон дар роҳпаймоии бузурги «бозгашт» дар навори Ғазза дастикам ҳафт фаластинӣ шаҳид ва 550 нафар захмӣ шуданд.

Вазорати беҳдошти Фаластин ҳоли даҳҳо нафар аз захмиҳоро вахим эълом кардааст.

Фаластиниҳои сокини навори Ғазза ҷумъа дар рӯзи замин роҳпаймоии мусоламатомези ҳаққи бозгаштро баргузор ва дар марзи навори Ғазза бо Фаластини ишғолӣ таҷаммуъ карданд.  

Ширкаткунандагон бо ҳамли парчамҳои Фаластин, бар ҳаққи бозгашти оворагони Фаластин ба сарзамини худ таъкид карданд.

Ширкаткунандагон аксҳои Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистиро оташ заданд.