Апрел 04, 2018 17:45 Asia/Dushanbe
  • Хашми корбарони араб аз ҳамдастии Оли Сауд ва оли саҳюн

Ба расмият шинохта шудани режими саҳюнистӣ аз ҷониби валиаҳди Арабистон хашми корбарони араби шабакаҳои иҷтимоиро барангехтааст.  

Корбарони араби шабакаҳои иҷтимоӣ бо эҷоди ҳаштаги '#бен_Салмон_яътараф_босроил' (бен Салмон Исроилро ба расмият мешиносад) дар Твиттер хашми худро аз изҳороти ахири Бен Салмон иброз карданд.  

Онон изҳороти Муҳаммад бен Салмонро баҳое, ки ӯ барои ба салтанат расидан пардохт ва талоше барои мавриди қабули мақомоти Кохи Сафед воқеъ шудан хонданд.

Як корбари қатарӣ низ дар тамасхури иқдомоти давлати Саудӣ ва муфтии ваҳҳобии ин кишвар навиштааст: “Мунтазирем, то Ол Алшайх, муфтии аъзами Саудӣ ҳам эълом кунад, Исроил давлати сулҳталабест ва мо таҳти амраш ҳастем, ҳатто агар дастури ҷанг зер парчами Бенямин Нетаняҳуро бидиҳад”.

Як корбари дигар низ изҳороти Бен Салмонро аҷиб надониста ва навиштааст: “Изҳороти Бен Салмон тааҷҷуб надорад, чун Оли Сауд аз замони подшоҳи муассиси худ, бардаи Англия буданд ва аз мавҷудияти Исроил дар Фаластин ҳимоят кардаанд”.