Ироқ байни Эрону Арабистон миёнҷигарӣ мекунад?
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i32242-Ироқ_байни_Эрону_Арабистон_миёнҷигарӣ_мекунад
Раисҷумҳури Ироқ аз тамоили кишвараш барои миёнҷигарӣ байни Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 06, 2018 17:46 Asia/Dushanbe
  • Ироқ байни Эрону Арабистон миёнҷигарӣ мекунад?

Раисҷумҳури Ироқ аз тамоили кишвараш барои миёнҷигарӣ байни Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.

Фуод Маъсум, раисҷумҳури Ироқ дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии арабзабони “Алъолам” гуфт, агар фазои муносибе эҷод шавад, Ироқ хоҳони он аст, ки мавзӯи миёнҷигарӣ байни Эрону Арабистон дар нишасти баъдии Иттиҳодияи Араб, ки рӯзи 15-уми апрел баргузор хоҳад шуд, матраҳ шавад. Ӯ гуфт, дар нишасти баъдии Иттиҳодияи Араб бояд фазоро арзёбӣ кунем ва бисанҷем, чун бархе масоил агар дар фазои муносиб матраҳ нашавад, натиҷабахш нахоҳад буд. Маъсум гуфт, миёнҷигарӣ барои беҳбуди равобити Эрону Арабистон зарурӣ аст ва нахуст бояд ба дунболи шиносоии маншаъ ва мабнои ихтилофот буд.

Раисҷумҳури Ироқ таъкид кард, таниш дар равобити Эрону Арабистон на ба суди минтақа аст, на ба суди ду кишвар ва на ба суди Ироқ, ки бо ҳарду кишвар ҳамарз аст. Фуод маъсум гуфт, Ироқ мехоҳад барои рафъи ихтилофот байни Эрон ва Арабистон талош кунад ва бояд дар ин замина аз дигар кишварҳо кумак бигирад.