Август 30, 2016 19:32 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Сурия ба мудохилоти низомии Туркия

Давлати Сурия аз Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хост, Туркияро таҳти фишор қарор диҳад, то низомёнашро аз арозии Сурия хориҷ кунад ва ба истиқлол ва тамомияти арзии ин кишвар эҳтиром гузорад.

Дар ин чорчӯб, вазорати хориҷаи Сурия бо ирсоли ду номаи ҷудогона ба раисони Созмони милал ва Шӯрои амният эълом кардааст, ки нақзи ҳокимияти Сурия ва анҷоми амалиёти низомии Туркия дар хоки ин кишвар, «ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят алайҳ башарият» ба шумор меравад.

Дар ин ду нома омадааст, Туркия дар чанд рӯзи гузашта се ҳазор фарди мусаллаҳро аз тариқи марзҳои худ вориди Сурия кардааст, то дар канори гурӯҳҳои террористӣ дар Ҳалаб бо артиши ин кишвар биҷанганд.

Вазорати умури хориҷаи Сурия вуруди низомёни Туркия ба шаҳри Ҷароблусро барои мубориза бо ДИИШ « намоишӣ» тавсиф ва таъкид кард, ин низомиён ҳатто як гулӯла ҳам ба сӯи террористҳои ДИИШ шиллик накарданд.

Шикояти Сурия аз Туркия дар ҳоле аст, ки бархе аз маҳофили хабарии муғриз дар минтақа аз ҷумла шабакаи телевизионии "Алҷазира" рӯзи душанбе эълом кард, ки шибҳинизомиёни гурӯҳи муъорзи мавсум ба «Артиши озоди Сурия» бо пуштибонии ҳавоӣ ва заминии Туркия, 18 русторо дар ҷануб ва ғарби шаҳри Ҷароблус дар устони Ҳалаб, аз ҳузури террористҳои ДИИШ поксозӣ карданд ва дар ҳоли ҳаракат ба самти шаҳри Манбаҷ ҳастанд.

Нуктаи қобили тааммул он аст, ки давлати Сурия борҳо таъкид кардааст, ки мубориза бо терроризм дар хоки ин кишвар аз сӯи ҳар касе, ки бошад бояд аз тариқи ҳамоҳангӣ бо давлати Сурия сурат бигирад ва мо дар мубориза бо терроризм ба беҳтарин сурат ба вазифаи худ амал мекунем.

Туркия дар ҳоле тамомияти арзии кишвари ҳамсояи худро нақз ме‎кунад, ки бо Сурия ҳеҷ тавофуқе барои мудохила ва ҳузури низомёни турк дар ин кишвар имзо накардааст ва масъулони сурӣ низ чунин дархосте аз давлати Туркия надоштанд.

Гуфтанист, ки қавонини дипломатӣ ва байналмилалӣ, равобити байни кишварҳоро созмонедҳӣ мекунад ва возеҳтарини ин қавонин, эҳтиром ба ҳокимияти миллӣ ва арзии кишварҳо ва дахолат накардан дар умури дохилии онон аст.

Моҷароҷӯиҳои раҳбарони Туркия, бо шиори онон бино бар барқарории оромиш ва субот дар минтақа ва мубориза бо терроризм ҳамхонӣ надорад ва сиёсати хориҷии кунунии Анкара, ба ташдиди таниш дар минтақаи пуртаниши Ховари Миёна анҷомидааст.

Таҳаррукоти низомёни турк дар Сурия бидуни иҷозаи давлати Сурия, навъе таҷовузгарӣ аст, ки бо қавонини байналмилалӣ ва асли ҳусни ҳамҷворӣ ва ҳамзистии мусоламатомез ҳамхонӣ надорад.

Зимни он ки ҳар иқдоми низомӣ дар хоки як кишвар, ниёзманди муҷаввизи Шӯрои амнияти Созмони милал аст, аммо бо таваҷҷуҳ ба бидъати Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико дар ташкили эътилофи зидди ДИИШ дар хоки Сурия бидуни муҷаввизи Шӯрои амният, тадовуми ин навъ бидъат‎ҳо, ба зиёни сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ аст.

Ба ҳар ҳол рафторҳои зидду нақиз ва ғайришаффоф ва мутағайири Туркия дар арсаи сиёсати хориҷӣ ва иртиботи ошкору пинҳони Туркия бо гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла гурӯҳи ДИИШ, ки ахбори он ба таври густурда маништар шудааст, тардидҳои ҷиддиро дар хусуси иддаоҳои Туркия дар мубориза бо ДИИШ ба вуҷуд овардааст.

Бо таваҷҷуҳ ба навъи рафтори ғайриқонунӣ ва мудохилаҷӯёнаи Туркия, давлати Сурия бо каноргузоштани гузинаи посухи мутақобил, ки ҳаққи қонунии кишварҳо дар баробари хотиён аст, аз равиш‎ҳои қонунӣ, иқдоми хориҷ аз урфи Туркияро назди Созмони милал ва Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид пайгирӣ ме‎кунад.