Апрел 15, 2018 14:03 Asia/Dushanbe
  • Таарруз ба Сурия, нақзи ошкори ҳуқуқи байналамилалӣ

Дар пайи ҳамлаи таҷовузкоронаи мушакӣ ва ҳавоии Амрико, Бритониё ва Фаронса ба хоки Сурия Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тамоси телефонӣ бо Башор Асад, раисҷумҳури Сурия таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар канори давлату миллати Сурия аст.  Рӯҳонӣ тасреҳ кард, ҳамлаи Амрико, Англия ва Фаронса ба Сурия бе ҳеҷ гуна тардиде мисдоқи айнии ҷиноят, дар таоруз бо қавонину меъёрҳои байналмилалӣ, нақзи ошкори ҳаққи ҳокимият, тамомияти арзии миллат ва давлати Сурия аст.

Ин ҳамла саҳаргоҳи рӯзи шанбе дар пайи муттаҳам кардани артиши Сурия ба истифода аз силоҳи кимиёӣ дар Думаи Сурия анҷом шуд. Акнун ин пурсиш вуҷуд дорад, ки ин гуна таҳаррукоти намоишӣ оё метавонад муодилоти минтақаро тағйир диҳад? Рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” дар ин хусус навишт: "Ҳаёҳӯи бисёри Трамп барои иқдоми низомӣ дар Сурия саранҷом ба як ҳамлаи комилан маҳдуд хатм шуд, ки на баровардакунандаи интизороте буд, ки мақомоти ғарбӣ дар афкори умум шакл дода буданд ва на аз назари майдонӣ метавонад таъсири хосе дошта бошад". CNN низ гузориш дод: «Ин тавр ба назар мерасад, ки ин ҳамалот намодин ва рамзӣ будааст».

Дар баъзе таҳаввулоти ду даҳаи ахир дар ғарби Осиё такрори ин гуна таҳаррукот тозагӣ надорад, аммо он чӣ ҳоизи аҳамият ва қобили таваҷҷуҳ аст, тағйири муодилот дар ҷиҳати муқовимтар шудани миллатҳои минтақа ва ошкортар шудани нуқоти заъфи қудратҳои мудохилагар ва таҷовузкор аст. Пирӯзии бузург дар ин замон поксозии Ғутаи Шарқӣ аз гурӯҳҳои террористӣ аст. Ин пирӯзӣ он қадар муҳим аст, ки Вашингтон, Риёзу Телавивро ба шиддат нигарон кардааст.

Возеҳ аст, ки сиёсати Амрико барои тазъифи муқовимат бо пули саудиҳо шикаст хӯрда ва Амрико ҳатто дар бораи идомаи ҳузури низомии худ дар минтақа дучори тардидҳои ҷиддӣ шудааст. Гузинаҳои зиёде нишон медиҳад, ки идомаи ин ҳузур бастагии мустақим ба манофее дорад, ки Амрико бобати мудохилоташ дар минтақа битавонад аз кишварҳое мисли Арабистон дарёфт кунад. Ҳасан Ҳонизода, коршиноси масоили ҷаҳони араб дар ин бора мегӯяд, Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон дар сафари ахир худ ба Амрико, Англия ва Фаронса бо пардохти даҳҳо миллиард доллар ришва ба ин се кишвар мақомоти онҳо, аз ҷумла шахси Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро ташвиқ кард, ки ба Сурия ҳамлаи низомӣ кунад. Он гуна ки Раҳбари муаззами инқилоб дар баёноташон Рӯзи мабъас хотирнишон карданд, “барои як кишвари исломие чун Саудӣ ифтихор нест, ки раисҷумҳури кунунии Амрико дар таблиғоти интихоботияш аланан дар мавриди онҳо «гови ширдеҳ» бигӯяд. Зиллат аз ин болотар намешавад, ки пули як кишварро бигиранд ва бо чунин таъбире онро хитоб кунанд".

Акнун нақшаи ноамнсозии минтақа аз тариқи ҳимояти Амрико, Арабистон ва Исроил аз террористҳо шикаст хӯрдааст ва ин масъала рӯёи саудиҳоро ба кобус табдил кардааст. Амрико ва режими саҳюнистӣ низ вориди ҷанге шудаанд, ки қатъан барои манофеи Вашингтон ва Телавив бисёр пурмасраф аст, дар ҳоле ки Арабистон бояд харҷи онро бипардозад. Вале бояд гуфт, ин таҷовуз маънои нақзи ошкори қавонини байналмилалиро дорад.