Апрел 17, 2018 16:02 Asia/Dushanbe
  • Қатли ҳамаи аъзои як хонаводаи яманӣ дар ҳамлаи ҷангандаҳои Саудӣ

Ҳамлаи ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ба як хона дар минтақаи Алҳоит дар устони Алҳудайда дар ғарби Яман, фоҷеаи талхеро рақам зад.

Дар ин ҳамла, ки шомгоҳи душанбе рух дод, шаш узви як хонавода кушта шуданд.

Душанбе шаб нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ҳам дар вокуниш ба куштори ғайринизомиён дар ҳамлаи эътилофи Саудӣ, даҳҳо нафар аз муздурони вобастаи ба Оли Саудро дар ҷибҳаҳои Алматун, Алғил ва Алмаслуб дар устони Алҷавф дар шимоли Яман ба ҳалокат расонданд ё захмӣ карданд.  

Ҳамлаи Арабистон ба Яман 25 марти 2015 сесола шуд.

Дар ин ҳамалот токунун ҳазорон яманӣ кушта шудаанд.

 

 

Барчасп