Теҳрон ва Димишқ дар остонаи тавофуқ барои бозсозии Сурия
Сафири Сурия дар Теҳрон гуфт: Бо сармоягузории Эрон дар бозсозии Сурия равобити ду кишвар ба самти мушорикати иқтисодии баландмуддат ҳаракат мекунад.
Аднон Ҳасан Маҳмуд дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Хабаргузории садо ва симои Эрон гуфт: Равобити Сурия ва Эрон дар марҳалаи оянда дар ҳамаи заминаҳо маҳкамтар хоҳад шуд ва акнун мо дар остонаи иҷрои тавофуқҳои иқтисодии баландмуддат ҳастем, ки манофеи ду миллатро таъмин мекунад.
Сафири ҷумҳурии арабии Сурия дар Теҳрон гуфт: Бахшҳои давлатӣ ва хусусии Эрон дар бозсози таъсисоти зербиноӣ ва тавсиаи иқтисодии Сурия, мушорикат ва сармоягузорӣ хоҳанд кард.
Вай бо баёни ин, ки ҷанги амрикоӣ-ғарбӣ дар қолабӣ таҳоҷуми террористӣ ва иқтисодӣ идома дорад, таъкид кард: Барои муқобила бо ин таҳоҷум бояд аз тариқи тарҳҳои баландмуддати иқтисодӣ ҳамкорӣ кунем, чунонки акнун тарҳҳои сармоягузории роҳбурдӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ва саноатӣ дар Сурия дар ҳоли иҷро аст.
Аднон Ҳасан Маҳмуд дар бораи нақши Эрон дар бозсозии ин кишвар гуфт: Ҳамон тавр, ки давлат, миллат ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пирӯзиҳои Сурия дар мубориза бо террористҳо ва ҳомиёнашон ва дар шикасти тавтиаҳои Амрико ва Ғарб шариканд, дар бозсозии вайронаҳои ҷанг, навсозии таъсисоти зербиноӣ ва тавсиаи иқтисоди Сурия низ шарик ҳастанд.