Август 31, 2016 12:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати сухангӯи ДИИШ дар Сурия

Абумуҳаммад Аднонӣ, сухангӯи гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҳамлаи ҷангандаҳои амрикоӣ ба шимоли Сурия кушта шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, хабаргузории "Аъмоқ", вобаста ба гурӯҳи ДИИШ бо судури баёнияе хашмгинона ва кӯтоҳ аз кушта шудани Аднонӣ ҳангоми боздид аз ҷабҳаҳои набард дар Ҳалаб хабар додааст.

Агарчӣ Аднонӣ чеҳраи расонаӣ ва сухангӯи ДИИШ маҳсуб мешуд, аммо афроди ДИИШ лақаби "Манҷаниқ"-ро ба ӯ дода буданд.

Ин Аднонӣ буд, ки аввалин бор аз ташкили "хилофати исломӣ" хабар дод ва баёнияҳои мактуб ва савтии ДИИШ ба номи вай содир мешуд.

Гурӯҳи ДИИШ ҳуввияти воқеии Абумуҳаммад Аднонии 39 соларо "Тоҳо Субҳӣ Фалоҳа", аҳли Сурия муаррифӣ кардааст.

Хабарнигори хабаргузории "Аъмоқ", вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ аз даст додани Абумуҳаммад Аднониро зарбаи дарднок барои ин гурӯҳ тавсиф кардааст.

 

Барчасп