Интиқоди Дорул-ифтои Миср аз дархости 300 фаронсавӣ
(last modified Thu, 26 Apr 2018 12:45:58 GMT )
Апрел 26, 2018 17:45 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Дорул-ифтои Миср аз дархости 300 фаронсавӣ

Дабири бахши фатво дар Дорул ифтои Миср аз дархости 300 шахсияти фаронсавӣ барои ҳазфи бархе оёти Қуръон, интиқод кард.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Қуръон (аикуно), Холид Умрон, дабири бахш ифатво дар Дорулфатвои Миср, дархости 300 шахсияти фаронсавӣ, аз ҷумла Никола Саркози, раисиҷумҳури собиқи ин кишварро барои ҳазфи бархе сураҳо ё ояҳои Қуръон, навъе ифротигарӣ алайҳи Ислом хонд.

Умрон афзуд, ин дархости шахсиятҳои фаронсавӣ дар ростои ифротгариҳое аст, ки ҳамаи динҳоро ҳадаф қарор додааст ва ҷаҳон аз падидаи ифротгарӣ дар ранҷ аст.

300 нафар аз шахсиятҳои фаронсавӣ аз ҷумла Никола Саркози ва Мануэл Валс, раисиҷумҳур ва нахуствазири собиқ ва шуморе дигар аз шахсиятҳои мухталифи сиёсӣ, ҳунарӣ ва фарҳангии ин кишвар дар мақолае бо унвони «иқдомоти зидди яҳудии ҷадид» дар рӯзномаи “Loparzin”, аз мусулмонон хостанд, сураҳоеро, ки дар онҳо даъват ба қатл ва муҷозоти яҳудиён ва масеҳиён шуда, ҳазф кунанд.