Сарпечии низомиёни саҳюнист аз дастурот
(last modified Sat, 23 Nov 2024 08:27:59 GMT )
Ноябр 23, 2024 13:27 Asia/Dushanbe
  • Сарпечии низомиёни саҳюнист аз дастурот

Сухангӯи собиқи артиши режими саҳюнистӣ аз сарпечӣ ва нофармонии низомиёни Исроил аз дастуроти фармондеҳони худ дар Ғазза ва Лубнон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ауи Бнёҳу, сухангӯи собиқи артиши режими саҳюнистӣ бо интиқод аз нокоромадии ба вуҷуд омада дар байни низомиёни саҳюнист гуфт: Дар Ғазза ва Лубнон сарпечии низомӣ ва нофармонӣ аз дастурот сурат мегирад.

 Дар ин ҳол Тасвико Ҳоиимууич-фармондеҳи собиқи ташкилоти падофанди ҳавоӣ ҳам изҳор кард: Артиши Исроил пас аз 14 моҳ аз оғози ҷанг дучори хастагӣ, аз даст додани омодагӣ, суръати амал, коромадӣ, назм ва инзибот шудааст.

 Шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ ҳам дар гузорише дар мавриди сарпечии низомиёни саҳюнист дар Ғазза ва Лубнон, ба бахш дигаре аз изҳороти ин мақоми собиқи саҳюнист истинод ва эълом кард, «Артиши Исроил аз моҳҳо қабл дар ду ҷабҳа (Ғазза ва Лубнон) меҷангад. Бо таваҷҷуҳ ба масъулиятҳои бисёр сангине, ки бар ӯҳдаи артиш аст, ҷанг мунҷар ба фарсудагии бисёр шадиди нируҳо шудааст.

 Бар асоси ин гузориш бо вуҷуди камбуди шадиди нируи инсонӣ дар артиши режими саҳюнистӣ, ҳаридиҳо ҳозир ба пайвастан ба артиш нестанд ва нируҳои захира ҳам ба баҳонаҳои мухталиф аз ҷанг фирор мекунанд. Дар чунин шароите ҳушдорҳои зиёде дар бораи буҳрон нируи инсонӣ дар артиши саҳюнистӣ дода мешавад.

 Гуфтанӣ аст сарпечии низомиёни режими саҳюнистӣ аз дастуроти фармондеҳони низомии худ дар шароите сурат мегирад, ки размандагони ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон имрӯз барои даҳумин бор маҳалли таҷаммӯъи низомиёни саҳюнист дар атрофи шарқии шаҳри «Хийём« дар ҷануби Лубнонро мушакборон кардаанд. Афзӯн бар ин, аз тариқи паҳподи низомӣ маҳалли таҷаммӯъи низомиёни саҳюнист дар минтақаи «Шамъ» дар ҷануби Лубнонро ҳадаф қарор дода ва ин маҳалл дар минтақаи «Ёрун» ҳам тавассути нируҳои Ҳизбуллоҳ мушакборон шудааст.