Ба ҳалокат расидани саркардаҳои гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия
Бо вуҷуди тавофуқи оташбас байни гурӯҳҳои террористӣ дар устони Идилби Сурия, ин минтақа ҳамчунон шоҳиди даргирӣ ва кушта шудани саркардаҳои ин гурӯҳҳои террористӣ аст.
Ба гузориши Форс, ҳалокати саркардаҳои гурӯҳҳои террористӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки гурӯҳи террористии Таҳрирушшом рӯзи сешанбе бо интишори баёнияе аз тавофуқи оташбас бо эътилофи террористии Ҷабҳату таҳрири Сурия ва гурӯҳи Суқурушшом хабар дод ва муддаӣ шуд, ин тавофуқ барои таваққуфи доимии даргириҳо аст.
Бо вуҷуди тавофуқи суратгирифта, манобеи мухолиф эълом карданд: Абулвард Кафарбатих саркардаи террористҳои Таҳрирушшом ба ҳамроҳи муҳофизи худ дар шаҳри Маарратуннуъмон дар Идилб ҳадафи тирандозӣ қарор гирифт ва аз пой даромад.
Абусалим Бинниш аз саркардаҳои гурӯҳи террористи Ҷайшулаҳрор низ дар атрофи шаҳри Бинниш дар Идилб тавассути чанд фарди ношинос кушта шуд.
Дар авввалҳои соли 2018 низ пас аз пайвастани гурӯҳҳои террористии Аҳрорушшом ва Нуруддин аз-Занкӣ дар қолаби эътилофи Таҳрири Сурия, ин гурӯҳ бо Таҳрири Шом даргир шуд.
Сурия беш ҳафт сол аст бо ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳ ва террористии ҳамчун ДОИШ ва Ҷабҳатуннусра, ки аз сӯи Ғарб ва бархе кишварҳои минтақа ҳимоят мешаванд, бо буҳрон рӯ ба рӯ аст.
Бо шикасти ДОИШ дар Сурия дар моҳҳои охир ва ҳамчунин бо пешравии артиши ин кишвар ва неруҳои муқовимати исломӣ, Сурия пас аз солҳо пойдорӣ дар остонаи пирӯзӣ бар терроризм қарор дорад.