Апрел 28, 2018 19:58 Asia/Dushanbe
  • Артиши Сурия минтақаи Модания дар ҷануби Димишқро озод кард  

Артиши Сурия бо ҳамроҳии неруҳои ҷабҳаи муқовимат бо пешравӣ дар ҷануби Димишқ, минтақаи Модания дар маҳаллаи Ал Қадим дар Ҳаҷаруласвадро озод кард.

Ба гузориши ИРНА, манобеи майдонӣ эълом карданд, артиши Сурияи имрӯз (шанбе) мавозеи гуруҳи террористӣ такфирии ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористиро дар минтақаи Ҳаҷаруласвад ва урдугоҳи Ярмук дар ҷануби пойтахти Сурия, зери оташ сангини мушакӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаии дақиқ қарор дод, ки илова бар озодсозии минтақаи Модания даҳҳо террористи дииши-ро ба ҳалокат расонд.

Артиши Сурия дар ду рӯзи гузашта бо пешравӣ дар минтақаи Ҳаҷаруласвад, шабакаи туннелҳои мутааллиқ ба террористҳо ва маҷмӯаи биноҳои минтақаи Ал Маомилро дар ҷануби Димишқ озод кард.

Ҳамалоти артиши Сурия ва ҷабҳаи муқовимат пас аз бенатиҷа мондани музокирот барои хуруҷи гурӯҳҳои террористӣ, аз минтақаи Ҳаҷаруласвад ва урдугоҳи Ярмук дар ҷануби Димишқ аз 10 рӯз қабл оғоз шуд.

Хабардигар ин ки рӯзномаи “Раъй Алявм” чопи Лондон эълом кард, Ҷорҷ Сабро, Саҳир ал Атосӣ ва Холид Хуҷа, аз ҷумлаи мухолифони сурӣ ҳастанд, ки дар вокуниш ба ихтилофот дарунии эътилоф ва мунҳариф шудани он аз аҳдофи аслиаш, тасмим ба истеъфо гирифтаанд.

Манобеи хабарии мухолифони Сурия ба рӯзномаи «Раъй Алявм» гуфтанд, рӯзҳои оянда шоҳиди истеъфоҳои бештаре хоҳад буд, зеро эътилоф камтар ба мавозеи худ пойбанд аст.

Ин дар ҳолест, ки манобеи расонаӣ низ рӯзи гузашта (ҷумъа) эълом карданд, устони Идлиби Сурия ин рӯзҳо ҳамчунон шоҳиди даргирӣ ва кушта шудани саркардаҳои гурӯҳҳои террористӣ аст.

Сурия беш аз ҳафт сол аст бо ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳ ва террористӣ ҳамчун ДИИШ ва Ҷабҳатуннусра, ки аз сӯи Ғарб ва бархе кишварҳои минтақа ҳимоят мешаванд, бо буҳрон рӯбарӯ аст. Бо шикасти ДИИШ дар Сурия дар моҳҳои ахир ва ҳамчунин бо пешравии артиши ин кишвар ва неруҳои муқовимати исломӣ, Сурия пас аз солҳо пойдорӣ дар остонаи пирӯзӣ бар терроризм қарор дорад.

 

Барчасп