Сентябр 01, 2016 13:50 Asia/Dushanbe
  • Ҷаъфарӣ: Амрико ба думболи тулонӣ кардани ҷанг дар Сурия аст

Намояндаи Сурия дар Созмони милал гуфт, Амирико ба думболи тулонӣ кардани ҷанг дар Сурия аст.

Башор Ҷаъфарӣ- намояндаи Сурия дар Созмони Милали Муттаҳид дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Аламёдини Лубнон, бо ишора ба талоши Амирико барои тулони кардани ҷанг дар Сурия, аз сиёсатҳои як‎ҷонбаи ин созмон дар таомул бо Сурия интиқод кард ва гуфт, масъалаи истифода аз силоҳи шимиёвӣ дар Сурия сохта ва пардохтаи кишварҳои ғарбӣ аст.

Вай дар бораи нишасти Шӯрои амният Созмони милал барои баррасии истифода аз силоҳи шимиёвӣ дар Сурия гуфт, далоили кофӣ дар бораи истифодаи давлати Сурия аз силоҳи шимиёвӣ вуҷуд надорад ва гузоришҳои ҳадафманд, иттиҳомоти бепоя ва асос аст.

Ҷаъфарӣ афзуд, бархе аз кишварҳо аз ибтидои буҳрони Сурия душмании худро эълом карданд, то ба ҷойгоҳи давлати Сурия зарба бизананд ва ҳамчунин бозии ба истилоҳ тағйири низоми Сурия аз тариқи истифода аз зӯрро ба роҳ андохтанд.

Вай дар бораи талоши Шӯрои амният барои эъмоли муҷозот‎ҳои зидди Сурия низ гуфт, Шӯрои амният танҳо аз Англис, Фаронса ва Амрико ташкил нашудааст ва ин шӯро понздаҳ узв дорад ва ба таври ҷиддӣ дурӯғи дигаронро дар бораи давлати Сурия баррасӣ мекунад.

Башор Ҷаъфарӣ ҳамчунин зимни маҳкум кардани нақзи ҳарими ҳавоӣ ва заминии Сурия тавассути артиши Туркия гуфт, аз Шӯрои амният хоста шудааст ин нақзро баррасӣ ва ба масъулияти худ амал кунад.