Май 23, 2018 21:08 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Ҳамос дар Эрон: Дифои мусаллаҳона ҳаққи фаластиниҳо аст

Намояндаи ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар Эрон гуфт: Миллати Фаластин ҳақ дорад, бар асоси мавозини байналмилалӣ ба таври мусаллаҳона аз худ дифоъ кунад.

Холид Алқадумӣ дар гуфтугӯи радиоӣ дар Теҳрон таъкид кард, муқовимат дар сурати ниёз, бо силоҳ ба муқобила бо режими саҳюнистӣ хоҳад рафт ва бо тамоми тавон ба набард бо душман хоҳад пардохт ва агар ҳам ниёз бошад бо тазоҳуроти мусолиматомез, ҳуқуқи худро пайгирӣ хоҳад кард.

Намояндаи ҷунбиши Ҳамос дар Теҳрон афзуд: Режими саҳюнистӣ ба ҳеҷ як аз қавонини байналмилалӣ эҳтиром намегузорад.