Гулмурод Ҳалимов ба ҷойи Абуумар Шишонӣ таъйин шудааст
Як манбаи иттилоотӣ эълом кард, гурӯҳи террористии ДИИШ ба ҷойи Абуумар Шишонӣ Гулмурод Ҳалимовро ба унвони фармондеҳи низомии худ мансуб кардааст.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, пойгоҳи хабарии шабакаи "ал-Олам" навиштааст, бар мабнои иттилооти «Сумирия нюс»-и Ироқ, «иттилооти дарёфтӣ аз дохили гурӯҳи террористии ДИИШ нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ пас аз кушта шудани Абуумар Шишонӣ, фармондеҳи низомии собиқи худ Гулмурод Ҳалимовро ба ҷойи ӯ таъйин кардааст».
Гуфта мешавад, гурӯҳи ДИИШ аз бими он ки ӯ низ монанди дигар фармондеҳони аршади гурӯҳ бо ҳамлаи ҳавоии эътилофи байналамилалӣ кушта мешавад, аз эъломи расмии таъйин шудани Ҳалимов худдорӣ мекунад.
Ин манбаи огоҳ, ки нахостааст номаш фош шавад, афзудааст, ағлаби фармондеҳони ДИИШ дар Сурия мустақар ҳастанд. Онҳо барои идораи умури Найнаво аз фармондеҳони раддаи дувуму сеюм ва теъдоди бисёр андаке аз фармондеҳони раддаи нахуст истифода мекунанд. Ин даста аз фармондеҳон низ аз бими он ки шиносоӣ ва террор нашаванд, дар мавориди бисёр нодир худро нишон медиҳанд.