Июн 21, 2018 19:38 Asia/Dushanbe
  • Шодии саҳюнистҳо аз шаҳодати кӯдаки якунимсолаи фаластинӣ

Гурӯҳе аз саҳюнистҳо бо таҷаммӯъ дар баробари додгоҳи расидагӣ ба парвандаи қатли як хонаводаи фаластинӣ, аз шаҳодати кӯдаки 18 моҳа (1.5сола)-и ин хонавода, ибрози хушҳолӣ карданд.

Ба гузориши маркази иттилоърасонии Фаластин, шаҳракнишинони саҳюнист дар баробари падарбузург ва бархе хешовандони хонаводаи Dawabsheh, ки берун аз додгоҳ истода буданд, шиор медоданд: «Алӣ куҷост? Сӯхта, Алӣ куҷост? Мурда. Кабоб шуда» ва низомиёни исроилӣ низ танҳо назорагари ин саҳнаи таассуфбор буданд.

Шаҳракнишинони саҳюнист 31 июли 2015 манзили хонаводаи Dawabsheh-ро дар шаҳраки Думо дар каронаи бохтарии рӯди Урдун ба оташ кашиданд, ки дар пайи он, Алӣ Саъд Dawabsheh, кӯдаки 18 моҳа ба шаҳодат расид ва падар ва модари вай, низ ба далели шиддати сӯхтагӣ, пас аз муддате бистарӣ дар бемористон, шаҳид шуданд.

Бо вуҷуди гузашти ҳудуди се сол аз ин ҷинояти барқасдона, ҳанӯз ҳукме алайҳи муттаҳамон содир нашудааст чаро, ки додгоҳи режими саҳюнистӣ дар ибтидо муддаӣ шуд, омили ҳодиса аз саломати равонӣ бархудор нест ва пас аз он низ сиҳати эътирофоти муттаҳам зери савол бурда шуд.

Бинобар эъломи вазорати иттилоърасонии Фаластин, низомиёни саҳюнист аз соли 2000 токунун, беш аз се ҳазор кӯдаки фаластиниро ба шаҳодат расондаанд.