Июн 23, 2018 11:56 Asia/Dushanbe
  • Маҳрумияти мардуми Сурия аз адои фаризаи ҳаҷ ҳафтсола шуд

Вазорати авқофи Сурия эълом кард, Арабистон барои ҳафтумин сол паёпай суриҳоро аз адои фаризаи ҳаҷ маҳрум кардааст.

Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия, Вазорати авқофи Сурия дар баёнияе бо интиқод аз мақомоти саудӣ эълом кард, ба иллати коршиканӣ ва сиёсикории режими Арабистон, мардуми Сурия аз адои фаризаи ҳаҷ маҳрум шуданд.

Вазоратхонаҳои авқоф ва умури хориҷаи Сурия борҳо аз Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Вазорати ҳаҷҷи саудӣ хостаанд то заминаи фиристодани суриҳоро барои зиёрати хонаи Худо фароҳам кунанд.

Вазорати авқоф ва умури исломии Қатар ҳам аз идомаи коршиканиҳои Арабистон дар анҷоми маносики ҳаҷҷи шаҳрвандони қатарӣ интиқод кардааст.

Пештар ҳам ҳайати байналмилалии назорат бар идораи Ҳарамайни Шарифайн иқдоми давлати Арабистон дар сиёсӣ кардани идораи маконҳои муқаддас ва маҳрум кардани атбои Сурия ва Қатарро аз адои маносики ҳаҷҷи умра ва фарзӣ (таматтуъ) маҳкум кард ва ин иқдомро хилофи шариати Ислом баршумурд.