Июн 27, 2018 11:53 Asia/Dushanbe
  • Истиқбол аз қарор гирифтани номи Арабистон дар феҳристи сиёҳ

Дидабони ҳуқуқи башари Аврупо қарор гирифтани номи эътилофи Арабистонро дар феҳристи сиёҳи нақзи ҳуқуқи кӯдакон дар манотиқи даргирӣ, иттифоқе муҳим хонд ва аз он истиқбол кард.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира”, дидабони ҳуқуқи башари Аврупо - Ховари Миёна эълом кард, ин феҳрист метавонад яке аз мустанадоти Девони кайфарии байналмилалӣ барои пайгарди омилони иртикоби ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият бошад.

Дидабони ҳуқуқи башари Аврупо афзуд, ин феҳрист шомили кишварҳое ҳамчун Арабистон ва Иморот ва дигар кишварҳо ва гурӯҳҳое аст, ки ҷиноёти бузурге монанд ҳадаф қарор додани мактабу бемористонҳоро муртакиб мешаванд.

Арабистон аз марти соли 2015 бо ҳимояти Амрико ва ба баҳонаи бозгардонии Абдурабеҳ Мансури Ҳодӣ, раиси ҷумҳурии мустаъфии Яман ба қудрат, ҳамалоти густурдаеро алайҳи ин кишвар оғоз кард, ки то кунун ба кушта шудани беш аз 14 ҳазор нафар, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ боис шудааст.

 

Барчасп