Июл 09, 2018 18:11 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати курдҳои Сурия бо вогузории таъсисоти нафтӣ ба давлати ин кишвар

Курдҳои Сурия бо вогузории таъсисоти нафтӣ дар манотиқи шарқии ин кишвар ба давлати Димишқ мувофиқат карданд.

Пас аз музокироти ахири чанд ҳайъати давлатӣ бо масъулон ягонҳои курд дар шаҳрҳои Қомшалӣ, Ҳаска, Раққа, Табақа ва Шадодӣ идора худгардонии курдҳо бо давлати Сурия ба тавофуқ расид, то мудирияти таъсисоти нафтӣ дар Ҳаска ба давлати Димишқ вогузор шавад ва давлати Сурия танҳо тарафи муҷоз ба фурӯши нафт дар ин манотиқ бошад.  

Бархе расонаҳо низ аз вуруди кумитаи мутахассиси таъмири садҳо аз Димишқ ба шаҳри Табақа дар устони Раққа дар шимоли Сурия ва баргузории нишастҳое бо масъулони мудирияти садди Табақа хабар доданд.

 

Барчасп