Июл 09, 2018 19:35 Asia/Dushanbe
  • Исроил, артиши Сурияро ба иқдоми низомӣ таҳдид кард!

Бо пешравиҳои сареи артиши Сурия дар ҷануби ин кишвар вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар иддаое газоф бори дигар артиши Сурияро ба иқдоми низомӣ таҳдид кард.

Бо пешравии сареи артиши Сурия дар манотиқи ҷанубӣ ва озодсозии шаҳрҳо ва рустоҳо аз ишғоли террористҳо, Авигдор Либерман, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар иддаое газоф ҳушдор дод: Агар нерӯҳои артиши Сурия ба минтақаи Ҷавлони ворид шаванд, бидуни шак бо посухи қотеи Исроил рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Пойгоҳи интернетии рӯзномаи саҳюнистии Ҳааретс авоили тирмоҳ эълом кард, ҳамзамон бо пешрави нерӯҳои сурӣ ва ҳамалоти ҳавоии Русия дар ҷануби Сурия ва марзҳои Фаластини ишғолӣ, режими саҳюнистӣ иқдом ба эъломи ҳолати омодабош дар баландиҳои Ҷавлон кард.