Июл 18, 2018 16:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи дарсҳои исломӣ дар мадориси Арабистон

Вазорати омӯзиш ва парвариши Арабистон бо судури бахшномае барои ҳамаи мадориси ин кишвар, аз ҳазфи барномаҳои дарсии биниши исломӣ хабар дод.

Дар ин бахшнома эълом шудааст: Тарҳи “Огоҳии фикрӣ, масуният ва биниши исломӣ”, ки дар қолаби “биниши исломӣ” дар мадорис тадрис мешуд, лағв ва ба дунболи он ҳама кумитаҳои марбут ба он низ мунҳал мешавад.  

Алқудс Алъарабӣ бо эъломи инкӣ, давлати Арабистон ин тасмимро дар ростои иҷрои тарҳи ислоҳоти валиаҳди Саудӣ гирифтааст, афзуд: Вазорати омӯзиш ва парвариши Саудӣ дар паи лағви ин барномаҳои исломӣ, қарор аст, ки ҳама фаъолиятҳоро дар қолаби барномае ба номи “огоҳии фикрӣ” ба иҷро дароварад ва ин барномаро ахиран оғоз кардааст.

 

Барчасп