Хонаводаи диишии муттаҳам ба қатли 370 ироқӣ, пои мизи муҳокима
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i37074-Хонаводаи_диишии_муттаҳам_ба_қатли_370_ироқӣ_пои_мизи_муҳокима
Сухангуи Шӯрои олии қазоии Ироқ эълом кард, ҳашт узви як хонаводаи диишии ба иттиҳом куштори 370 ироқӣ дар ҷануби Мусил муҳокима мешаванд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 02, 2018 13:08 Asia/Dushanbe
  • Хонаводаи диишии муттаҳам ба қатли 370 ироқӣ, пои мизи муҳокима

Сухангуи Шӯрои олии қазоии Ироқ эълом кард, ҳашт узви як хонаводаи диишии ба иттиҳом куштори 370 ироқӣ дар ҷануби Мусил муҳокима мешаванд.

Абдуссаттор Байрақадор эълом кард, нерӯҳои амниятӣ ҳашт террористро, ки узви як хонавода ва масъули ҷиноятҳои ДИИШ дар ҷануби Мусил буданд, боздошт карданд.  

Вай афзуд: Муттаҳамон дар эъдоми 370 ғайринизомӣ ва афроди вобаста ба нерӯҳои амниятӣ ва боздошти 400 тан аз сокинони Мусил ширкат доштанд ва ба куштани нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиён дар гавдоле бузург ва амиқ ба номи Алхасафа дар минтақаи Ҳаммомалъалил эътироф кардаанд.