Нигаронии Созмони милал аз вазъияти асафноки занони бордор дар Яман
(last modified Sat, 04 Aug 2018 14:39:15 GMT )
Август 04, 2018 19:39 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Созмони милал аз вазъияти асафноки занони бордор дар Яман

Сандуқи ҷамъияти Созмони милал аз вазъияти асафноки занони бордор дар шаҳри буҳронзадаи Алҳудайдаи Яман ибрози нигаронӣ кард.

Сандуқи ҷамъияти Созмони милал (UNFPA) ҷумъа дар гузорише эълом кард, садҳо зани бордор дар шаҳри Алҳудайда ба иллати камбуди муроқибатҳои пизишкӣ бо хатари марг мувоҷеҳ ҳастанд.  

Дар гузориш омадааст, ки мизони маргу мири модарони яманӣ нисбат ба омори 2015 ду баробар шудааст.