Август 05, 2018 14:37 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоди Аврупо ва маҳкумияти ҳамалоти ахири эътилофи Саудӣ ба Ҳудайда

Эътилофи Саудӣ аз марти соли 2015 Яманро ҳадафи ҳамалоти ваҳшиёнаи ҳавоӣ ва заминӣ қарор дода, ки ба кушта ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазор яманӣ анҷомида ва дар айни ҳол ба муҳосираи обии ин кишвари фақири арабӣ пардохтааст.

Бандари стратегии Алҳудайда танҳо шоҳраги ҳаётии Яман барои дарёфти маводи ғизоии зарурӣ ва дору маҳсуб мешавад. Бо ин ҳол саудиҳо ҳамроҳи аморотиҳо аз 13-уми июн таҳоҷуми шадидеро ба манзури тасарруфи бандар ва шаҳри Алҳудайда оғоз кардаанд, ки то кунун бо нокомӣ мувоҷеҳ шудааст. Ҳадафи эътилофи саудӣ ин аст, ки бо тасарруфи бандари Алҳудайда масири тадорукоти аслиро, ки барои идомаи ҳаёти мардуми Яман аҳамияти асосӣ дорад, масдуд карда, бад-ин тартиб онҳоро водор ба таслим кунад. Бандарҳои Ҳудайда ва Салиф, воқеъ дар шимоли ин шаҳр ду гузаргоҳи аслӣ барои ирсоли кумакҳои инсонӣ ва ғизоӣ ба Яман аст, зеро 70 дарсад аз ин мавод аз тариқи ин ду бандар ворид мешаванд. Дар сурати таҳаққуқи ин масъала мардуми мазлуми Яман бо вазъияти бисёр душворе мувоҷеҳ хоҳанд шуд. Марк Локок, ҳамоҳангкунандаи имдодрасонии Созмони Милали Муттаҳид дар Яман мегӯяд, баста шудани бандари Алҳудайда метавонад фоҷиабор бошад, зеро яманиҳо ба сурати тақрибан комил вобаста ба воридоти ғизо ва дору аз ин бандар ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 8 миллион нафар дар остонаи гуруснагӣ қарор дорад ва Яман яке аз бузургтарин арсаҳои густариши вируси вабо дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Бо ин ҳол эътилофи Саудӣ мутаҳаммили талафоти инсонӣ ва хисороти таҷҳизоти бисёр зиёде шуда ва амалан дар вазъияти бунбаст қарор гирифтааст. Саудиҳо барои интиқом аз мардуми муқовими Яман дар рӯзҳои ахир ҳамалоти ҳавои шадидеро алайҳи Алҳудайда анҷом додаанд. Ҷангандаҳои эътилофи Саудӣ панҷшанбеи гузашта дар ҳамла ба шаҳри Алҳудайда бемористони Алсура ва бозори моҳифурӯшони ин шаҳрро ҳадаф қарор доданд, ки дар ин ҳамла 60 нафар шаҳид ва 170 тани дигар захмӣ шуд. Ин иқдом бо интиқодоти зиёде дар сатҳи байналмилалӣ мувоҷеҳ шудааст. Аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид ва бархе ниҳодҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ ин ҳамларо маҳкум кардаанд. Иттиҳоди Аврупо низ ба ин ҳамалоти ғайриинсонӣ вокуниш нишон дода, шомгоҳи шанбе дар баёнияе ҳамла ба ғайринизомиён дар ғарби Яман, аз ҷумла Алҳудайдаро маҳкум кард. Ин ниҳоди аврупоӣ зимни интиқод шадид аз таҷовузҳои мукаррар алайҳи ғайринизомиён дар шаҳри Алҳудайда аз тарафҳои даргир хост, муҳофизат аз ғайринизомиёнро тазмин кунанд. Иттиҳоди Аврупо эълом кард, ҷанг дар Яман боиси бадтарин фоҷиаи инсонии ҷаҳон шудааст. Ҳенрита Фор, мудири иҷроии ЮНИСЕФ ҳушдор дод, ҳамла ба шаҳри Алҳудайдаи Яман ҷони 300 ҳазор кӯдакеро, ки дар ин шаҳр ва минтақаи атрофи он зиндагӣ мекунанд, таҳдид мекунад.

Ба рағми маҳкумияти ин ҳамла тавассути Иттиҳоди Аврупо саволи матраҳ ин аст, ки чаро бархе аз кишварҳои узви ин иттиҳод, яъне Фаронса ва Бритониё ҳамроҳи Амрико дар ин амалиёт мушорикати мустақим доранд? Ғарбиҳо, монанди Амрико, Бритониё ва Фаронса ба рағми гузоришҳои мутааддиди созмонҳои ҳуқуқи башар дар бораи куштори ғайринизомиёни Яман ва бомбаборони амокин ва таъсисоти ғайринизомии ин кишвар тавассути ҳавопаймоҳои Саудӣ ва муттаҳидонаш равобити наздики худ бо режими Саудӣ ва муттаҳидонаш, монанди Аморотро ҳифз карда, таъминкунандагони аслии таслиҳоти Арабистон ва Аморот маҳсуб мешаванд. Зимни ин ки дар мавориде монанди ҳамла ба Алҳудайда дар канори нерӯҳои мутаҷовизи Эътилофи Саудӣ ва Аморот ҳузур доранд ва бад-ин тартиб шарики ҷиноёти эътилофи Саудӣ дар Алҳудайда ҳастанд.

 

Барчасп