Эъдоми 45 нафар дар Идлиби Сурия ба дасти террористҳо
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i37228-Эъдоми_45_нафар_дар_Идлиби_Сурия_ба_дасти_террористҳо
Гурӯҳи террористии Таҳрир Алшом (Ҷибҳа-Алнусра) аз тарси фарогир шудани дархостҳо барои оштӣ бо давлати Сурия дар устони Идлиб токунун 45 нафар аз боздоштшудагонро эъдом кардааст.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 09, 2018 17:30 Asia/Dushanbe
  • Эъдоми 45 нафар дар Идлиби Сурия ба дасти террористҳо

Гурӯҳи террористии Таҳрир Алшом (Ҷибҳа-Алнусра) аз тарси фарогир шудани дархостҳо барои оштӣ бо давлати Сурия дар устони Идлиб токунун 45 нафар аз боздоштшудагонро эъдом кардааст.  

Расонаҳои вобаста ба гурӯҳҳои террористӣ зимни эъломи ин матлаб афзуданд: Таҳрир Алшом амалиёти густардаеро барои дастгирии афроди машкук ба воситагарӣ барои мусолиҳа бо давлати Сурия оғоз ва шумори зиёдеро боздошт кардааст.  

Ҳамзамон бо ин амалиёт, Таҳрир Алшом дар манотиқи густардае аз устони Идлиб манъи омадушуд эълом кардааст.