Эътирофи вазири иморотӣ ба куштори кӯдакони яманӣ ба дасти эътилофи Саудӣ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i37383-Эътирофи_вазири_иморотӣ_ба_куштори_кӯдакони_яманӣ_ба_дасти_эътилофи_Саудӣ
Як ҳафта пас аз бомбборони автобуси ҳомили донишомӯзони яманӣ дар шимоли ин кишвар, вазири мушовир дар умури хориҷаи Иморот аз ин иқдоми эътилофи Саудӣ дифоъ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 15, 2018 19:11 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи вазири иморотӣ ба куштори кӯдакони яманӣ ба дасти эътилофи Саудӣ

Як ҳафта пас аз бомбборони автобуси ҳомили донишомӯзони яманӣ дар шимоли ин кишвар, вазири мушовир дар умури хориҷаи Иморот аз ин иқдоми эътилофи Саудӣ дифоъ кард.

Анвар Қарқош, вазири мушовир дар умури хориҷаи Иморот сешанбе дар як конфронси хабарӣ дар Дубай бо дифои зимнӣ аз Арабистони Саудӣ дар ҳамла ба кӯдакони яманӣ гуфт: “Мутаассифона ин бахше аз ҷанг аст ва имкони бурузи хато дар амалиётҳои низомӣ вуҷуд дорад”.  

Вай афзуд: “Ҷанг ҳамин аст. Ҷанг ваҳшиёна буда ва хоҳад буд ва Иморот низ аз марти 2015 шарики аслии эътилофи низомӣ ба раҳбарии Арабистон аст”.