Идомаи ҳамлаҳои Арабистон ба манотиқи мухталифи Яман
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i3739-Идомаи_ҳамлаҳои_Арабистон_ба_манотиқи_мухталифи_Яман
Ҳавопаймоҳои Саудӣ ҳамчунон манотиқи мухталифи Яманро бомбаборон мекунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 07, 2016 16:57 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамлаҳои Арабистон ба манотиқи мухталифи Яман

Ҳавопаймоҳои Саудӣ ҳамчунон манотиқи мухталифи Яманро бомбаборон мекунанд.

Ба гузориши шабакаи хабарии ямании ал-Амасира, ҳавопаймоҳои саудӣ рӯзи сешанбе даҳҳо бор манотиқи мухталифи Саъда воқеъ дар шимоли Яманро ҳадаф қарор доданд.

Мутаҷовизони саудӣ минтақаи Ҳараз ва шаҳри Санъоро низ борҳо бомбаборон карданд.

Дар устони Ҳадида, ғарби Яман ҳам як шаҳрванди Яманӣ дар ҳамлаи ҳавоии режими Оли Сауд кушта шуд.

Дар вокуниш ба идомаи ҳамлаҳои саудӣ, артиш ва неруҳои мардумии Яман маҳали таҷаммӯи таҷҳизоти низомии Арабистонро наздики пойгоҳи ас-Садид дар Наҷрон, ҷануби ин кишвар ҳадаф қарор доданд.

Артиш ва неруҳои мардумии Яман 4 корвони низомии Арабистонро ҳам дар ҷануби ин кишвар ҳадаф қарор доданд.