Сентябр 07, 2016 18:15 Asia/Dushanbe
  • Режими саудӣ салоҳияти идораи умури маносики ҳаҷро надорад

Шахсиятҳои мисрӣ режими Арабистони Саудиро барои идораи умури маносики ҳаҷ бесалоҳият донистанд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии ал-Олам, Абдуллоҳ ан-Носир, дабири кулли иттиҳодияи ҷараёнҳои суфӣ ва таҷаммӯи аҳлулбайт дар Миср гуфт, режими Саудӣ тавони идораи умури ҳаҷро надорад ва бояд канор бираванд, чунки афроди бисёр зиёде ҳастанд, ки тавоноии хидмат ба ҳоҷиёнро доранд, бидуни инки миннате бар сари онҳо бигузоранд.

Абдуллоҳ ан-Носир бо ишора ба ин, ки режими Арабистони Саудӣ муваззаф ба таъмини амнияти ҳоҷиёни Байтуллоҳ аст, таъкид кард, Риёз аз амокини муқаддас барои тасвияи ҳисобҳои сиёсӣ баҳра мегирад.

Дабири кулли иттиҳодияи ҷараёнҳои суфӣ ва таҷаммӯи аҳлулбайт дар Миср афзуд, мамониати саудиҳо аз вуруди ҳоҷиён аз ҳар кишвар, ки бошанд, нақзи ошкори қавоиди дини ислом аст.

 Отиф Амин - бунёнгузори этилофи тавсиаи манотиқи фақирнишини Миср низ дар ин бора тасреҳ кард, саудиҳо барои мамониат аз ҳузури эрониҳо дар ҳаҷ аз ҳар гуна найранге истифода карданд.

Отиф Амин гуфт, ин иқдом нишон медиҳад, ки ҳокимони саудӣ аз амокини муқаддас барои фишор бар кишварҳои исломӣ истифода мекунанд.

Арабистони Саудӣ пас аз кушта шудани ҳазорон зоирони Байтуллоҳ, аз ҷумла 464 зоири эронӣ дар рӯзи Иди қурбони соли гузашта ва ба натиҷа нарсидани музокирот бо масъулони ҳаҷ ва зиёрати Эрон барои ҳузури зоирони эронӣ дар ҳаҷи имсол, акнун бо фиребкории сиёсӣ талош мекунад Эронро дар маҳрум шудани ҳоҷиёни эронӣ аз ҳаҷи имсол, муқассир нишон диҳад.

Ҳазорон зоир, аз ҷумла 464 зоири эронӣ рӯзи Иди қурбони гузашта (24 сентябри 2015) ва дар ҳоли анҷоми маносики ҳаҷ дар сарзамини Мино ба далели бетадбирии масъулони Оли Сауд ҷони худро аз даст доданд.