Август 23, 2018 11:37 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти изҳороти Трамп дар бораи қудс аз сӯи Фатҳ ва Ҳамос

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ва ҷунбиши Фатҳ, изҳороти Доналд Трампро мабнӣ бар инки Қудс аз мизи музокира канор гузошта шудааст, маҳкум карданд.

Ҳамос эълом кард, изҳороти Трамп дар бораи ҳазфи Қудс аз мизи музокира вақеҳона ва хатарнок аст.

Трамп чаҳоршанбе дар суханронии худ дар бораи тарҳи пешниҳодиаш барои ҳалли масъалаи Фаластин бо ишора ба тасмимаш дар муаррифии Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, эълом кард: Мо масъалаи Қудсро аз рӯи мизи музокирот ҳазф кардем.