Сентябр 01, 2018 12:15 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани 240 фаластинӣ дар тазоҳуроти “Ҳаққи бозгашт”

Дар бистусевумин ҷумъаи тазоҳуроти “Ҳаққи бозгашт” 240 фаластинӣ ба зарби гулӯлаи низомиёни саҳюнист дар навори Ғазза захмӣ шуданд.

Ба гузориши маркази иттилоърасонии Фаластин, бистусевумин ҷумъаи тазоҳуроти “Ҳаққи бозгашт” бо унвони “Тазоҳуроти мо идома дорад” дар навори марзии борикаи Ғазза бо заминҳои ишғолӣ рӯзи гузашта дар ҳоле баргузор шуд, ки низомиёни режими саҳюнистӣ иқдом ба тирандозӣ ба самти шаҳрвандони фаластинӣ карданд.

Вазорати беҳдошти Фаластин шумори маҷрӯҳони тазоҳуроти рӯзи ҷумъаро 240 нафар эълом кард. Дар миёни маҷрӯҳон як нерӯи имдодгар ва як кӯдаки 10 сола дида мешавад, ки ҳоли ҳар дуи онҳо вахим аст. Се нафар аз маҷрӯҳон ҳам хабарнигор ҳастанд.

Шуморе аз раҳбарони гурӯҳҳои фаластинӣ, аз ҷумла Аҳмад Баҳр, намояндаи парлумони Фаластин аз Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) низ дар ин тазоҳурот ҳузур доштанд.

Аз оғози тазоҳуроти бозгашт дар марзи Ғазза аз 30 – юми март то кунун беш аз 180 фаластинӣ ба шаҳодат расида ва дастикам 19 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.