Ошкор шудани нақши Арабистон дар кудатои Туркия
Манобеи иттилоотии Ғарб ба иттилооти бисёр муҳиме даст ёфтаанд, ки нишон медиҳад, Арабистон дар кудатои нофарҷоми Туркия даст доштааст.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, пойгоҳи хабарии аврупоии "AMC", ба нақл аз манобеи иттилоотӣ афзуд, Арабистон бо ҳимоят аз кудиточиён ва барқарории иртибот бо онҳо, барои сарнагунии Ҳизби адолат ва тавсеаи ҳоким бар Туркия, гомҳои бисёр хатарноке бардоштааст, ки равобиташро бо Анкара дар маърази хатар қарор медиҳад.
Бар асоси ин гузориш, Муҳаммад бин Салмон, ҷонишини валиаҳди Арабистон ва вазири дифои ин кишвар масъули тамосҳо бо тарафҳои тарроҳи кудато дар Туркия будааст ва се рӯз пеш аз кудато шахсан бо яке аз шаҳрвандони Туркия тамос гирифта буд то аз раванди тарҳи кудато итминон ҳосил кунад.
Ин манобеи иттилоотӣ эҳтимол медиҳанд, давлати Туркия пас аз итминон аз дурустии ин иттилооти муҳим, дар хусуси дахолати Арабистон дар кудатои нофирҷом, аз тариқи бархе расонаҳои Туркия онро мунташир ё он ки худашон ба таври мустақим онро эълом кунанд.
Расонаҳои саудӣ муддатҳост дар қиболи Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия шеваи интиқод дар пеш гирифтаанд ва шабакаи телевизионии "Аларабия", вобаста ба саудиҳо, ки аз Дубай барнома пахш мекунад, бо Фатҳуллоҳ Гулен, раҳбари мухолифони давлати Эрдуғон дар Амрико мусоҳиба карда буд.
Гулен дар ин мусоҳиба Эрдуғонро диктатор ва мустабид тавсиф карда буд.
"Аларабия" ба дастури Муҳаммад ибни Салмон фавран ин мусоҳибаро аз пойгоҳи интернитии худ ҳазф кард, зеро шакку тардиди давлати Туркияро дар бораи нақши саудиҳо дар кудатои нофарҷом тақвият мекард.