Трамп ба подшоҳи Арабистон: Бидуни ҳимояти мо давом намеорӣ
(last modified Wed, 03 Oct 2018 09:39:58 GMT )
Октябр 03, 2018 14:39 Asia/Dushanbe
  • Трамп ба подшоҳи Арабистон: Бидуни ҳимояти мо давом намеорӣ

Раисҷумҳури Амрико ба подшоҳи Арабистон ҳушдор дод, бидуни ҳимояти артиши Амрико ду ҳафта ҳам дар қудрат давом нахоҳад овард.

Ба гузориши “Рейтерз”, Доналд Трамп дар изҳороти таҳқиромез дар бораи Арабистони Саудӣ, ба муттаҳиди наздики худ малик Салмон, подшоҳи Арабистон ҳушдор додааст бидуни ҳимояти артиши Амрико ду ҳафта ҳам дар қудрат боқӣ нахоҳад монд.

Трамп афзуд: “Мо дар ивази ҳеҷ, аз бисёре аз ин кишварҳо дифоъ мекунем, аммо дар муқобил онҳо бо ироаи қиматҳои болои нафт аз мо манфиат мебаранд. Ин хуб нест, мо аз онҳо мехоҳем афзоиши қиматро мутаваққиф кунанд. Аз онҳо мехоҳем шуруъ ба коҳиши қиматҳо кунанд”.

Изҳороти раисҷумҳурии Амрико дар ҳоле матраҳ шудааст, ки давлати Трамп робитаи наздике бо Арабистон дорад ва онро диже мустаҳкам дар баробари Эрон дар минтақа қаламдод мекунад.

Раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи шанбе низ дар ҷамъи ҳаводорони худ дар Вирҷинияи Ғарбӣ, бо ишора ба тамоси телефонии худ бо подшоҳи Арабистон, изҳороти таҳқиромези мушобеҳеро дар бораи вобастагии Арабистон ба Амрико ба забон овард ва гуфт, ба малик Салмон гуфтааст, мушаххас нест бидуни Амрико сарнавишти Арабистони Саудӣ чӣ хоҳад шуд!

Дар ҳамин ҳол сукути режими оли Сауд дар баробари иҳонатҳои пайдарпайи раисҷумҳури Амрико ва муқоисаи он бо вокуниши Риёз дар баробари интиқоди Канада аз авзои ҳуқуқи башари Арабистон, маънодор аст.

То кунун ҳеҷ вокуниши расмӣ аз сӯйи Риёз дар баробари ин таҳқирҳо сурат нагирифтааст.