Ансоруллоҳ: Авзои кунунии Яман натиҷаи тавтеаҳои амрикоӣ-саудӣ аст
(last modified Thu, 04 Oct 2018 13:15:04 GMT )
Октябр 04, 2018 18:15 Asia/Dushanbe
  • Ансоруллоҳ: Авзои кунунии Яман натиҷаи тавтеаҳои амрикоӣ-саудӣ аст

Сухангӯи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман гуфт, авзои сахти кунунӣ, ки мардуми Яман шоҳиди он ҳастанд, натиҷаи тавтеаҳои амрикоӣ- саудӣ аст.

Ба гузориши шабакаи Ал Манор, Муҳаммад Абдуссалом, сухангӯи ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман таъкид кард, эътилофи Саудӣ бо ҳимояти мустақими Амрико як душмани системотик, аз ҷумла тазъифи пули миллӣ ва мумониат аз вуруди ҳар гуна арзи хориҷӣ ба Яманро дар пеш гирифтааст.

Абдуссалом гуфт, эътилофи мутаҷовизи амрикоӣ-саудӣ муҳосираи муҷримонаи дарёӣ, заминӣ ва ҳавоиро бар алайҳи Яман эъмол карда ва миллати ин кишварро барои чаҳорумин соли мутавол(пайдарпай)-ӣ бо маҳдудиятҳои иқтисодӣ рӯбарӯ кардаанд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 ба Яман ҳамла ва сипас ин кишварро муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ кард. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман токунун ба кушта шудани беш аз чаҳордаҳ ҳазори яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.