Октябр 11, 2018 18:09 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 3 ҳазор зани яманӣ аз оғози таҷовузи режими Саудӣ

Вазорати беҳдошти Яман эълом кард, аз оғози таҷовузи низомии Арабистон ба он кишвар, токунун се ҳазор зани яманӣ кушта шудаанд.

Ба гузориши шабакаи ал Масираи Яман, Тоҳо ал Мутаваккил, вазири беҳдошт ва маскани Яман, эълом кард, ки аз ибтидои таҷовузи Арабистон токунун се ҳазор зани яманӣ ба шаҳодат расидаанд.

Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) низ ахиран дар гузорише эълом кард, беш аз панҷҳазор кӯдаки яманӣ аз оғози таҳоҷуми Арабистон ба Яман, токунун кушта ё дучори нақси узв шудаанд.

Ҳудуди 11 миллион кӯдак дар Яман зиндагӣ мекунанд, ки тақрибан ҳамаи онҳо ба кӯмакҳои башардӯстона ниёз доранд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман токунун ба кушта шудани беш аз 14 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазорнафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.