Октябр 12, 2018 17:36 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Яман: Кушта шудани Хошуқҷӣ нифоқи сиёсати ҷаҳониро ошкор кард

Нахуствазири давлати наҷоти миллии Яман гуфт: Нопадид ва кушта шудани Ҷамол Хошуқҷӣ мунтақиди Саудӣ, нифоқи расонаҳои ҷаҳонӣ ва сиёсатҳои шарқӣ ва ғарбиро барои афкори умумӣ ба намоиш гузошт.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, Абдулазиз Солиҳ ибни Ҳабтар нахуствазири давлати наҷоти миллии Яман, кушта шудани Хошуқҷиро дар консулгарии Арабистон дар Истамбул фоҷиа донист ва афзуд: Аз онҷо ки вай нависандаи рӯзномаи Вашингтон-пост буд ва дар бештари шабакаҳои телевизионии ҷаҳон барнома дошт ва дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ширкат мекард, бояд мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор бигирад ва қатли Хошуқҷӣ ваҳшигарии режими Саудиро бармало кард.

Нахуствазири давлати наҷоти милли Яман бо ибрози таассуф аз иқдоми расонаҳо, ки бидуни таваҷҷуҳ ба ҷиноятҳои ваҳшёнаи режим Оли Сауд, монанди ончи дар Яман мегузаранд, бар муҳокима ва муҷозоти Муҳаммад ибни Салмон валиаҳди Саудӣ ба унвони яке аз ҷинояткорони ҷаҳон, ки меъёрҳои дугонаро думбол мекунад, таъкид кард.

Ҷамол Хошуқҷӣ дувуми октябр, пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия нопадид шуд. Расонаҳо чанд рӯз баъд гузориш доданд, ки ҷасади Хошуқҷӣ бо осори фаровони шиканҷа дар Истамбул пайдо шудааст.

Номи Хошуқҷӣ дар феҳристи афроди боздоштӣ ва таҳти таъқиби режими Оли Сауд қарор дошт ва вай аз бими боздошт шудан, дар хориҷ аз Арабистон зиндагӣ мекард.

 

Барчасп