Октябр 14, 2018 12:28 Asia/Dushanbe
  • Вазири беҳдошти Яман: 3 миллион кӯдаки яманӣ аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд

Вазири беҳдошти Яман дар гуфтугӯ бо шабакаи Алмаёдин, бо эъломи инки дасти кам се миллион кӯдаки яманӣ аз гуруснагии шадид ранҷ мебаранд, тасреҳ кард, дар ҳоли ҳозир аз ҳар се кӯдаки яманӣ як кӯдак бо гуруснагӣ мувоҷеҳ аст.

Тоҳо Аҳмад ал-Мутаваккил хотирнишон кард, як миллиону 200 ҳазор зани бордор ва ширдеҳи яманӣ низ аз ғизои кофӣ бархурдор нестанд.

Вазири беҳдошти Яман бо таъкид бар инки авзои инсонӣ дар ин кишвар фоҷиабор аст, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост аз идомаи таҷовузгариҳои режими Саудӣ алайҳи миллати Яман ҷилавгирӣ кунанд.

Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) низ ахиран авзои инсонӣ дар Яманро фоҷиабор хонд ва тасреҳ кард, системаи беҳдошт ва дармони Яман бар асари ҳамлаҳои саудиҳо нобуд шудааст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз чаҳордаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудан даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.