Октябр 18, 2018 21:29 Asia/Dushanbe
  • Ҳайати уламои Арабистон: Хостори барканории ибни Салмон

Пас аз интишори натоиҷи аввалияи таҳқиқоти пулиси Туркия дар бораи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзномаи нигори мунтақиди Саудӣ дар Истамбул, ҳайати олии уламои Арабистон хостори барканории Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳд ин кишвар шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии "Араби 21", ҳайати олии уламои Арабистон рӯзи панҷшанбе дар баёнияе бо ишора ба иқдомоти золимона ва сиёсатҳои ғалати валиаҳди Арабистон ва муҷрим будани Муҳаммад ибни Салмон дар қатли Хошуқҷӣ, хостори барканории вай шуд.

Ин ҳайат дар баёнияи худ бо таъкид бар иқдомоти иштибоҳи ибни Салмон аз ҷумла боздошти уламо ва равшанфикрон, густариши фасоди иҷтимоӣ ва идорӣ бо ба кор гирифтани афроди нокоромад ва ҳадар додани амволи умумӣ, хостори барканории вай ва интихоби фарде муносиб барои ин мансаб шуданд.

Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори 59 солаи мунтақиди Саудӣ, дуввуми октябр пас аз муроҷиа ба консулгари Арабистон дар Туркия рабуда шуд ва шавоҳид аз қатли вай ҳикоят дорад.