Октябр 29, 2018 12:56 Asia/Dushanbe
  • Бозии кӯдакони фаластинӣ ба хун кашида шуд

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба чандин кӯдаки фаластиние, ки дар ҳоли  бозӣ буданд, ҳамла карданд ва онҳоро ба шаҳодат расонданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, манобеи пизишкии фаластинӣ эълом карданд, режими саҳюнистӣ муртакиби ҷинояти ваҳшатнок дар ҳаққи теъдоде аз кӯдакон шудааст, ки дар ҳоли бозӣ дар наздикии ҳисори марзии Ғазза дар Хон Юнус будаанд. Пайкарҳои ин се шаҳид ба номҳои Бассом Саиди 13-сола, Абдулҳамид Абузоҳири 13-сола ва Муҳаммад Асситрии 13-сола ба бемористони «Носир»-и Хон Юнус мунтақил шудаанд.

 Ҳамлаи ахири режими саҳюнистӣ ба Ғазза дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи шанбе дар ин минтақа оташбас эълом шуда буд.