Октябр 31, 2018 15:34 Asia/Dushanbe
  • Cукути додситони Арабистон дар бораи макони ҷасади Хошуқҷи

Додситони Саудӣ дар бораи макони ҷасади Хошуқҷи тавзеҳе намедиҳад.

Ба гузориши “Спутник”, як манбаи вобаста ба додситонии Туркия эълом кард, ки Сауд бин Абдуллоҳ ба саволот дар хусуси макони ҷасади Ҷамол ё ҳувияти фарди маҳаллии ҳамкорикунанда дар бораи қатли ин рӯзноманигор ва ё таҳвили афроди таҳти таъқиб дар ин моҷаро ба Туркия ҷавоб намедиҳад.

Ин манбаъ дар айни ҳол афзуд, тавзеҳоте, ки мо аз додситони Саудӣ дарёфт кардем, ба раванди таҳқиқ кумаке намекунад ва чизе намеафзояд.

Вай гуфт, изҳороти 18 фарди боздоштшуда дар Арабистон дар пайи моҷарои террори Хошуқҷи, ки аз сӯйи додситони кулли ин кишвар мунташир шудааст, ҳеҷ чизи ҷадиде бар таҳқиқоти марбут ба ин парванда намеафзояд.

Додситони Арабистон барои раванди таҳқиқоти марбут ба қатли Хошуқҷи ба Истанбул сафар кардааст.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия борҳо аз мақомоти Саудӣ хостааст то иттилооти марбут ба маҳалли нигаҳдории ҷасади Хошуқҷиро ифшо кунанд, аммо Арабистон аз ин кор худдорӣ мекунад.

Ҷамол Хошуқҷи, нависанда ва рӯзноманигори 59 солаи Саудӣ дувуми октябр пас аз он ки барои сабти издивоҷи худ ба консулгарии Саудӣ дар Истанбул рафт, нопадид шуд.

Номи вай дар листи афроди таҳти таъқиби бин Салмон қарор дошт.