Ноябр 02, 2018 20:45 Asia/Dushanbe
  • Мусалласи Бермудое ба номи Арабистон ва нопадид шудан раиси ҷумҳурии Габон

Пас аз қатли Хошуқҷӣ ин бор нопадид шудани раисии ҷумҳурии Габон дар Арабистон хабарсоз шуд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алолам, пас аз қатли Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистон дар Истамбул, ин бор вуруди раиси ҷумҳурии Габон ба Арабистон ва як ҳафта бехабарӣ аз ӯ, сабаби сарусадоҳо ва тардидҳое бинобар нопадид шудани ӯ шудааст.

Алӣ Бонго Ондимба раиси ҷумҳурии Габон чаҳоршанбеи гузашта дар сафари якрӯза барои ширкат дар нишасти Давоси Саҳро вориди Арабистон шуд, аммо дигар ба кишвараш бознагашт.

Дар ҳамин ҳол хабарҳо ҳокист ӯ ҳатто дар нишасти Давоси Саҳро ҳам ҳузур надоштааст.

Як шабакаи телевизионии дар Камерон хабари марги Алӣ Бонгоро дар Арабистон мунташир, аммо бо фишорҳои мақомоти Габон ин хабарро рад кард.

Як манбаи давлатӣ ҳам фош кард, ки Алӣ Бонго дар Арабистон дучори таби шадид шуд ва пизишкон ба ӯ тавсия карданд чанд рӯзеро дар ин кишвар бимонд, аммо аҳзоби мухолиф дар Габон бо тардид дар дурусти ин ахбор, мушаххас шудани сарнавишти раиси ҷумҳурии ин кишвар ва иллат таъхири ӯро дар бозгашт аз Арабистон хостор шуданд.

Ин ҳодиса дар ҳоле рӯй медиҳад, ки ҳудуди як моҳ аз нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори Саудӣ дар консулгарии Арабистон дар Туркия мегузарад.

Пеш аз ин низ Саъд Ҳарирӣ нахуствазири Лубнон муддате дар Арабистон нопадид шуда буд, ки баъдан мушаххас шуд Арабистон ӯро боздошт кардааст.